ОГОҲИНОМА ДАР БОРАИ МАХФИЯТИ ХИДМАТИ ЯНДЕКС GO

Замимаҳои мобилӣ ва интернетии мо (минбаъд ҳар дуи он бо истилоҳи “замима” зикр мегардад) ба шумо имкон медиҳанд, ки аз шарикон ё ширкатҳои мо хидматҳои ҳамлу нақл ва расониданро фармоиш диҳед.

Замимаи Яндекс Go аз ҷониби ширкати байналмилалии IT бо офисҳо дар саросари ҷаҳон таҳия шудааст, ки қароргоҳаш дар Голландия ҷойгир аст.

1. ЧӢ ТАВР БО МО ТАМОС ГИРИФТАН МУМКИН АСТ?

1. Бо корманди мо оид ба ҳифзи додаҳо тавассути почтаи электронӣ тамос гирифтан мумкин аст: dpo-yt@yandex-team.com

2. Шумо метавонед пас аз ворид шудан низом ба хадамоти дастгирии муштариёни мо тавассути замимаи мобилӣ тамос гиред. Ворид шудан ба замима ба мо имкон медиҳад, ки шуморо шиносоӣ намоем.

2. КӢ МАЪЛУМОТИ ШАХСИИ ШУМОРО КОРКАРД МЕКУНАД?

1. Маълумоти шахсии шумо аз ҷониби ширкате, ки хидматро дар кишвари шумо пешниҳод мекунад, коркард карда мешавад:

Замима

Кишвар

Ширкат

Суроға:

ОГОҲИНОМА ДАР БОРАИ МАХФИЯТИ

Беларус

“Убер МЛ Б.В.” (Uber ML B.V.)

Булвари Схипхол 291, 1118 БХ Схипхол, Ҳолланд (Schiphol Boulevard 291, 1118 BH Schiphol, Netherlands)

Қирғизистон

Молдова

Латвия

Литва

Ӯзбекистон

Сербия

Эстония

Гурҷистон

Тоҷикистон

“Райдтех Интернешнл Б.В.” (Ridetech International B.V.)

Булвари Схипхол 291, 1118 БХ Схипхол, Ҳолланд

Арманистон

ҶДММ “Яндекс.Такси ЭйЭм” (Yandex.Taxi AM LLC)

Ҷумҳурии Арманистон, 0026, Ереван, хиёбони Аршакуняц, х. 49-22

(49-22 Arshakunyats, 0026, Yerevan, Republic of Armenia)

Қазоқистон

ШДММ “Яндекс.Такси ЭйЭм” (Yandex.Taxi AM LLР)

Ҷумҳурии Қазоқистон, 50040, г. Алмати, ноҳияи Бостандык, кӯч. Тимирязев, х. 28в, ошёнаи 6

(6th floor, 28v, Timiryazeva str., Bostandyk district, Almaty 50040, Republic of Kazakhstan)

Ширкатҳои зикр кардашуда тибқи қонунгузории марбут ҳамчун “назоратчиён” амал менамоянд. Назоратчиён ҳадаф ва воситаҳои коркарди маълумоти шахсиро муайян менамоянд.

2. Замимаи мо як воситаи ягонаи шиносоиро истифода мебарад. Пас аз сабти ном, шумо метавонед барномаи моро дар ҳар кишваре, ки мо онро инишор мекунем, истифода баред. Маълумоти шахсии шумо бо дигар взамимаҳое, ки мо интишор менамоем, то он даме, ки шумо истифодаи ин замимаҳоро оғоз намоед, мубодила намешавад.

3. КАДОМ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ, ЧӢ ТАВР ВА БАРОИ ЧӢ КОР КАРДА МЕШАВАД?

1. Категорияҳои маълумоте, ки мо коркард мекунем, сарчашмаи маълумот ва ҳадафҳои коркард:

Сарчашма

Маълумот

Ҳадафҳо

Шумо бевосита ба мо пешкаш менамоед

Ном

Рақами телефон

Барои шиносоӣ кардани шумо ҳамчун корбари мо ва муомилаи мутақобил оид ба фармоиши шумо

Суроғаҳо:

Барои он ки битавонем, ки ба шумо хидматҳо ё маҳсулотеро пешниҳод кунем, ки барои фармоиш, харид ва таҳвил дар минтақаи шумо дастрасанд, инчунин барои коркард ва иҷрои фармоиши шумо

Шарҳҳои муштарӣ

Барои коркард ва иҷрои фармоиши шумо мувофиқи тарҷеҳоти шумо

Маълумоти бонкӣ

Барои гузаронидани пардохти шумо

Суроғаи почтаи электронӣ

Барои фиристодани маълумоти хидматӣ дар бораи фармоишҳои шумо, агар шумо ба ин мувфоиқвт дода бошед, хабарҳои таблиғотӣ

Бланкҳои пур кардашуда

Барои пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои махсус, коркарди дархости шумо дар хадамоти дастгирии муштариён, ташкили иштироки шумо дар иқдомҳо ё дилхоҳ чорабинии дигар

Мо аз дастгоҳи шумо ва аз замимаи худ мегирем

Суроғаи IP; идентификатори дастгоҳ, намуд ва модел; маълумот дар бораи системаи оператсионии мобилӣ; маълумоти браузер ё барномаи мобилӣ

Барои таъмини дастрасии бехатар ба ҳисоби шумо ва низомҳои IT-и мо

Маълумоти тавлидшаванда дар рафти кор бо замимаи мо

Вақт барои анҷом додани фармоиш; хидматрасонӣ ё молҳои бештар фармоиш додашаванда; шумораи экранҳое, ки ҳангоми кор бо замимаҳои мо дида мешаванд; арзиши миёнаи фармоиш

Барои беҳтар кардани таҷрибаи корбар ва замима; таъмини функсияҳои дахлдор, тағйир додани интерфейси барномаҳо; васеъ намудани базаи мизоҷони мо; такмил додани стратегияи маркетингӣ ва иқтисодии мо; ва пешгирии фармоишҳои беиҷозат

Гирифташуда бо истифода аз воситаҳои тасдики (аутентификатсия), ки шумо дар замимаҳои аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи ширкатҳои мо пешниҳодшуда истифода мебаред

Суроғаҳое, ки шумо ҷустуҷӯ кардаед ё дидан кардаед

Барои такмил додани замима ва интерфейси корбар ва пешниҳоди фармоишҳо ё суроғаҳои расонидан

Гирифташуда аз агентиҳои маркетингии мо

Идентификатори сарчашма ё ҳаволаи таблиғотӣ, ки барои боргирӣ ё дастрасӣ ба замимаҳо истифода мешавад

Барои фаҳмидани он, ки маъракаи таблиғотӣ муваффақ аст ё не

Шумо ба хадамоти дастгирии муштариён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот медиҳед

Зикргардида аз ҷониби шумо бо салоҳдиди шумо; дархост кардашуда аз ҷониби мо бо ихтиёри мо

Барои ҳалли мушкилоти марбут ба замимаҳои мо

Маълумоте, ки ҳангоми муоширати шумо тавассути замима бо хадамоти дастгирии муштариён ва ронандагон, қосидҳо ё расонандаҳо

Сабти гуфтугӯҳо

Барои ҳалли баҳсҳо ва даъвоҳо; бо ҳадафи назорат ба сифати хидматрасониҳои пешкашшаванда

2. Маълумоте, ки шумо мустақиман ба мо пешниҳод мекунед, барои дуруст кор кардани замима зарур аст. Бидуни чунин маълумот шумо наметавонед фармоиш диҳед, пардохт намоед ё аз дигар функсияҳо истифода баред.

3. Маълумоте, ки дар натиҷаи кори шумо бо замима ҳосил мешаванд, ки тавассути воситаҳои тасдиқи (аутентификатсия), ки шумо дар замимаи пешниҳодкардаи аъзоёни гурӯҳи ширкатҳои мо истифода мекунед ё маълумоте, ки аз агентиҳои маркетингии мо гирифта мешавад, барои ноил шудан ба манфиатҳои қонунӣ бо риояи ҳуқуқҳои шумо истифода мешавад.

4. Мо метавонем аз мувофиқати шуморо барои истифодаи маълумот барои ташкили иштироки шумо дар иқдомҳо таблиғотӣ ё дигар чорабиниҳо дархост кунем.

Дар ҳар сурат, шумо дар бораи маълумоти ҷамъоваришуда ва ҳадаф аз ҷамъоварии маълумот огоҳ карда мешавед. Шумо метавонед дар вақти дилхоҳ тавассути тамос бо мо мвофиқати худро бозпас гиред.

Шумо метавонед аз додани чунин мувофиқат даст кашед ва ин ба имконияти шумо барои истифода аз замимаҳои мо таъсир намерасонад.

5. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ба монанди ҳолати фавқулоддаи тиббӣ ё пандемия, мо метавонем маълумоти шуморо бо сабабҳои манфиатҳои назарраси ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими шумо ё манфиатҳои ҳаётии шахсони сеюм ё бо сабабҳои манфиати ҷамъиятӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ коркард кунем.

6. Мо коркарди автоматии маълумотро ҳамчун як қисми системаҳои зидди қаллобии худ истифода мебарем, ки фаъолияти шуморо дар замима ба таври худкор муайян мекунанд ва функсияҳои муайян ё қобилияти фармоишро манъ мекунанд. Ин барои ҳифзи саривақтии ҳисоби шумо ва манфиатҳои молиявии мо, инчунин манфиатҳои молиявии шарикони мо ва шахсони сеюм ҳангоми иҷрои шартномаи байни шумо ва мо анҷом дода мешавад.

Агар шумо фикр кунед, ки низомҳои мо ба иштибоҳ роҳ доданд, лутфан ба мо дар ин бора хабар диҳед.

7. Мо маълумоти шуморо то расидан ба ҳадафи коркарди онҳо коркард менамоем. Мо метавонем коркарди маълумоти шуморо идома диҳем, агар ин коркард тибқи қонун ё барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мо, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони сеюм зарур бошад.

Масалан, маълумоти марбут ба фармоиш барои давраи дахлдори даъвоӣ нигоҳ дошта мешавад.

8. Гуфтугӯҳои телефонӣ бо хадамоти дастгирии муштариёни мо, инчунин бо ронандагон, қосидҳо ё расонандаҳо сабт карда мешаванд, агар онҳо тавассути замимаҳо ё бо истифода аз тафсилоти тамос, ки дар замимаҳо нишон дода шудаанд, анҷом дода шаванд.

Сабтҳо метавонанд дар заминаи баҳсҳо ва даъвоҳои судӣ, инчунин барои назорати сифати хидматҳои пешниҳодшаванда истифода шаванд.

Сабти гуфтугӯҳои муштарӣ бо ронанда, қосид ё расонанда дар тӯли 30 рӯз ва сабти гуфтугӯҳои муштариён бо хадамоти дастгирии муштариён 3 моҳ нигоҳ дошта мешавад. Онҳо танҳо дар дастарси кормандони ваколатдори ҳастанд.

4. ОЁ МО МАЪЛУМОТИ ШАХСИИ ШУМОРО БА ДИГАРОН МУБОДИЛА МЕКУНЕМ/ИНТИҚОЛ МЕДИҲЕМ?

1. Маълумоти шахсии шумо танҳо бо тарафҳое мубодила мешавад, ки:

(a) Ба таври мустақим дар пешниҳоди хидматҳо тавассути замима ҳамкорӣ менамоянд:

Ба шариконамон, ки дар қабул ва коркарди фармоиши шумо ва пешниҳоди ҳалли барномавӣ бо ҳамин ҳадаф иштирок мекунанд; ба шахсони вобастаи мо, ки тасдиқи (аутентификатсия) шиносоӣ ва марказҳои маълумотро таъмин мекунанд; ва ба ширкатҳое, ки ба мо дар дастгирии муштариён кӯмак мерасонанд.

(b) Тибқи қонун барои гирифтани маълумоти шумо ӯуқуқ доранд

Масалан, агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин ваколати дуруст дошта бошанд.

(c) Барои такмил додани замимаамон ба мо кӯмак менамоянд:

Идентификаторҳои таблиғ ё идентификаторҳои дастгоҳ метавонанд бо ширкатҳое мубодила шаванд, ки ба мо хидматҳои таблиғотӣ ё таҳлилӣ пешниҳод менамоянд. Маълумот дар бораи хатогиҳои техникӣ, ки ҳангоми истифода аз хидматҳои мо рух медиҳанд, ба шахсони вобастаи мо, ки дар таҳияи замимаҳои мо иштирок мекунанд, дода мешавад.

2. Тарафҳое, ки мо маълумоти шуморо бо онҳо мубодила мекунем, метавонанд дар кишварҳои гуногун қарор дошта бошанд.

Баъзе аз ин кишварҳо ҳамон сатҳи ҳифзи маълумот ё ҳуқуқҳои субъекти маълумотро ҳамчун кишваре, ки мо замимаро пешниҳод мекунем, таъмин менамоянд. Дар чунин ҳолатҳо, мо тартиботи заруриро риоя менамоем, то риояи ҳуқуқҳои шумо ва ҳифзи маълумоти шахсии шумо ҳангоми интиқол ва пас аз интиқол таъмин карда шаванд. Чунин расмиёт метавонад (1) ӯҳдадориҳоро дар асоси созишномаҳои ҳифзи маълумот дар асоси меъёрҳои муқаррарии шартномаи интиқоли маълумот, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор муқаррар карда шудааст ва/ё (2) ӯҳдадориҳои шартномавии иловагии дар асоси арзёбии мо ба қонунҳои маҳаллии кишваре, ки маълумоти шумо интиқол ва коркарда карда мешаванд ва/ё (3) иҷозати бақайдгирӣ ё интиқол аз мақомоти салоҳиятдори ҳифзи додаҳоро дар бар гирад.

5. ШУМО ЧӢ ТАВР РИОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО ТАЪМИН КАРДАН МЕТАВОНЕД?

1. Дастрасӣ

Шумо ҳамеша ба маълумоти шахсии худ дастрасӣ доред. Пас аз ворид шудан ба барнома бо тасдиқи (аутентификатсия) мо, шумо ба таърихи фармоишҳо, маълумоти ҳисоб ва маълумоти бонкии худ дастрасӣ хоҳед дошт. Агар шумо аутентификатсияи бо истифодаи номи корбар (логин) ва паролро истифода баред, шумо метавонед нусхаи ҳамаи маълумоти худро бо риояи дастурҳои зикршуда дар ҳаволаи зерин ба даст оред: https://passport.yandex.com/profile/data. Шумо инчунин метавонед аз ин ҳавола истифода баред, агар шумо рақами телефон, ном ва номи падарро тавассути нав кардани ҳисоби худ бо номи корбар (логин) ва пароли худ истифода баред. Барои навсозии ҳисоби худ, тугмачаи менюро фишор диҳед (кунҷи болоии чапи замима) - номи худ - рақами телефонро ворид намоед, пас дастурҳои дар экран бударо иҷро намоед.

2. Ворид кардани тағйирот ба маълумот

Пас аз ворид шудан ба замима бо а аутентификатсияи мо, шумо метавонед ба маълумоти шахсии худ дар замима тағйирот ворид намоед. Агар тавассути замимаҳо ба маълумот тағйирот ворид кардан ғайриимкон бошад, лутфан ба хадамоти дастгирии муштариёни мо муроҷиат намоед.

3. Зазф кардан

Пас аз он ки шумо ба замима бо тасдиқи (аутентификатсия)мо ворид шавед ва ҳисоби худро бо номи корбар (логин) ва пароли худ навсозӣ кунед, шумо метавонед маълумоти шахсии худро аз замима ҳазф намоед (https://passport.yandex.com/profile/data) ё ҳисоби худро комилан ҳазф намоед (https://passport.yandex.com/passport?mode=delete&origin=passport_profil).

Агар шумо версияҳои хеле кӯҳнаи тасдиқи (аутентификатсия) моро истифода баред (танҳо тавассути рақами телефон), барои ҳазф кардани ҳама маълумоти шахсии шумо, ба мо тавассути замима фишор додани тугмачаи меню (кунҷи чапи болоии замима) — дастгирӣ дархост фиристед, сипас мавзӯи дархостро интихоб намоед.

Мо бояд баъзе маълумотро пас аз он, ки шумо онро аз замима ҳазф кардед, нигоҳ дорем, аз ҷумла маълумотеро, ки бояд тибқи қонун ё барои ҳифзи манфиатҳоямон, бахусус дар заминаи мурофиаи судӣ. Имконияти нест кардани маълумот метавонад тибқи қонун ё муқаррароти марбут ба озодии баён ва иттилоот маҳдуд карда шавад.

4. Маҳдудияти коркард

Шумо ҳуқуқ доред, ки коркарди маълумоти шахсиатонро дар баъзе ҳолатҳо маҳдуд созед. Масалан, агар шумо хоҳед, ки ба маълумоти шахсии худ тағйирот ворид кунед, шумо метавонед ба хадамоти дастгирии муштариёни мо дархост фиристед, дар бораи он, ки коркарди маълумоти шумо то он дам маҳдуд карда шавад, ки ин маълумот тағйир дода шавад. Барои идома додан бо хадамоти дастгирии муштариёни мо тамос гиред.

5. Интиқолпазирӣ

Агар маълумоти шахсии шумо тавассути воситаҳои автоматикунонидашуда дар асоси мувофиқати шумо ё дар асоси шартнома бо мо коркард шуда бошад (масалан, барои ба шумо пешниҳод кардани функсияҳои замима), шумо ҳуқуқ доред, ки чунин маълумотро дар шакли сохторӣ, истифодашаванда ба таври васеъ ва шакли мавриди хониши мошинро бигиред. Шумо метавонед ин гуна маълумотро тавассути ворид шудан ба замима бо воситаи абзори аутентификатсияи мо ва навсозии ҳисоби худ бо номи корбар (логин) ва парол ва риояи дастурҳои ҳаволаи зерин ба даст оред (https://passport.yandex.com/profile/data).

6. Эътироз

Шумо ҳақ доред, ки ба коркарди маълумоти шахсии худ эътироз намоед, агар шумо фикр дорд, ки коркард ҳуқуқҳои шуморо вайрон менамояд. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ҳуқуқи эътироз танҳо дар сурате амалӣ карда мешавад, ки мо маълумоти шуморо дар асоси манфиатҳои қонунии худ коркард намоем.

7. Шикоятхо

Мо ҳамеша омодаем, ки арзу пешниҳодҳои шуморо баррасӣ кунем. Лутфан онҳоро ба хадамоти дастгирии муштариёни мо бифиристед.

Илова бар ин, шумо метавонед ба мақомоти дахлдори назоратӣ шикоят кунед, агар шумо фикр доред, ки ҳуқуқҳои шумо поймол шудаанд.

Рӯйхати мақомоти дахлдори назоратӣ ва маълумот барои тамос бо онҳоро дар ин ҳавола пайдо кардан мумкин аст.(https://yandex.com/legal/yandexgo_list_of_sa).

8. Дастгирии муштариён

Шумо метавонед тавассути замимаҳои мо бо хадамоти дастгирии муштариёни мо тамос гиред.

6. БА ИН ҲУҶҶАТ ЧӢ ГУНА ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД?

1. Агар мо ба ин Огоҳиномаи махфият тағйирот ворид кунем, ки ба ҳуқуқҳои шумо ба таври ҷиддӣ таъсир мерасонад, мо метавонем шуморо бо ҳар воситаи дастрас (бо push-огоҳиномаҳо дар замима, SMS ё почтаи электронӣ)огоҳ созем.

Масалан, агар мо категорияҳои нави маълумотҳои коркардшуда ё мақсадҳои наверо, ки барои онҳо коркард мешаванд, илова менамудем, ин ҳолат ҷоиз мешуд. Пеш аз эътибор пайдо кардани чунин тағйирот, ба шумо огоҳинома фиристода мешавад.

Санаи нашр ҳуҷҷати: 18.11.2022